Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Сайидиброҳими Раисӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар иродаи давлати Ҷумҳурии исломии Эрон бар тавсеаи равобит бо кишварҳои исломӣ ва дӯсту ҳамсӯ ибрози умедворӣ кард бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои қобили тавваҷуҳи мутақобил равобити ду кишвар бавижа дар ҳавзаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ рӯз ба рӯз густариш ёбад.
Абдулмаҷид Табун-раиси ҷумҳӯри Алҷазоир низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо табрики мутақобили иди Қурбон ба давлату миллати Эрон бар дифо аз ҳувияти исломӣ ва алоқамандии кишвараш барои густариши равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳамаи арсаҳо таъкид кард .
Раисӣ : Мухолифати фаъол бо тавҳини бархе кишварҳои ғарбӣ ба соҳати Қуръон вазифаи уммати исломӣ аст
1 Июл 2023 - 20:40
News ID: 1376438
Раиси Ҷумҳурии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳӯри Алҷазоир мухолифати фаъол бо тавҳини бархе кишварҳои ғарбӣ ба соҳати Қуръони Маҷид ва таҷовузгарӣ ва ишғолгарии режими саҳюнистиро вазифаи ҳамаи оҳоди уммати исломӣ донист.